РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ, (Ҷумҳурият)
- Нашр шуд: 17.01.2024 10:38
Ҳусейн Мирзоев мардест дилбохтаи касби хеш. Дар 43 соли фаъолияти эҷодӣ қалам дар даст аст. Рӯйи авроқи рӯзномаи «Нури Норак» на танҳо розу ниёз, балки камолу нуқси ҷомеа ва чеҳраҳои дурахшони ҳамзамононашро рехтааст. Гарчанде хатмкардаи факултаи табиатшиносиву географияи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) аст, тақдир ӯро ба кори рӯзномаву радио пайваст.
Бори нахуст Ҳусейн Мирзоевро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дидаму аз эҳтироми самимиву қадрдонии истеъдоду қаламаш пай бурдам, ки инсони наҷибест. Бахусус, ба ҳар саҳфаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ҷиддият менигараду аз маводи хондании он лаззат мебарад. Барои беҳтару пурмазмунтар шудани «Нури Норак» аз рӯзномаи мо истифода мебарад ва падидаи ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, аслу асоси фаъолияти ӯст.
Ҳисси кунҷкобӣ маро бетараф нагузошту аз ҳамкорам Қурбон Мадалиев пурсидам: «Ин мард кист, ки ин қадар ба рӯзномаву рӯзноманигорӣ таваҷҷуҳ дорад?» «Ҳусейн Мирзоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Норак», - гуфт ӯ. Баъдтар иттилоъ ёфтам, ки мавсуф соли 1954 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон (ҳоло Бохтар) дида ба ҳастӣ кушода, маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати ноҳияи Данғара гирифтааст. Байни ҳамсолон бо доноиву зиракӣ тафовут дошт. Зиёд мехонд, аввалин мақолаи ӯ дар синфи панҷумиаш (соли 1965) бо номи «Синфи намуна» дар рӯзномаи «Навобод» («Симои Данғара»-и имрӯза) аз чоп баромад. Аз он рӯз сар карда, меҳри қаламу коғаз дар умқи дилаш ҷой гирифту пайваста пайи эҷод буд.
Ҳусейн Мирзоев муддате омӯзгориро пеш гирифт. «Аммо, меҳри қаламу коғаз ҳамоно маро тарк намекард, зиёд менавиштам ба рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), «Совет Тожикистони» («Халқ овози»), «Правда», «Известия» ва ғайра. Илҳом чун хуни гарм дар рагҳоям ғалаён мезад. Ин аз чашми сармуҳаррири рӯзномаи «Норак» Наталя Матвеевна Морозова, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), пинҳон намонд ва ӯ маро соли 1981 ба нашрияаш барои кор хонд, то соли 2000-ум дар «Норак», дар вазифаҳои гуногун кор кардам. Мутаассифона, идораи «НоракИБОсоз», бо сабаби нарасидани маблағ, фаъолияти рӯзномаро қатъ намуд. Хушбахтона, пас аз се сол раиси вақти шаҳри Норак Самӣ Шариф, ки шахси фарҳангдӯст буд, дар як ҷаласа гуфт: “Чӣ тавр мешавад, ки шаҳри Норак рӯзнома, ақаллан моҳномае надошта бошад. Ҳамин тавр идораи рӯзнома дарҳояшро дубора ба рӯям боз намуд, ба қавле «ҷон ба танам даромад». Бо завқи баланду эҳтироми самимӣ нисбат ба рӯзномаву рӯзноманигорӣ суҳбатро идомаи дод ҳамсуҳбати мо.
Соли 2003 бо қарори раиси шаҳри Норак маро ба вазифаи сармуҳаррир таъин намуданд ва то ба имрӯз моҳнома дар ҳаҷми чор саҳифа бо номи «Нури Норак» ба дасти хонандагон мерасад.
Вақте аз Ҳусейн Мирзоев пурсидам, ки рӯзноманигорӣ дар давоми 43 сол ба Шумо чӣ дод? Ҷавоби пурифтихоре шунидам: “Ман аз мактаби журналистони бузурге, ба мисли Наталия Морозова, Азиз Салолов, Мирзомаҳмуд Мирбобозода, Нарзулло Латиф, Мақсуд Ҳусейн, Мирзо Файзалӣ, Қурбон Мадалиев ва дигарон, ки қалами маро дар ин ҷода рост кардаанд, гузаштам. Бешак, мегӯям, ки рӯзноманигорӣ касбест заҳматталаб. Он ба ман нони ҳалолу номи нек дод, ҳақиқатгӯиву ҳақиқатҷӯиро омӯзонд».
Ҳусейн Мирзоев аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, китобҳояш бо номи «Фарзандони шуҷои Норак», «Норак – шаҳри орзуҳо», «Хотира» нашр шудаанд ва муаллифи садҳо очерку мақола ва лавҳаҳост. Дорандаи медалҳои ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», унвонҳои Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон мебошад. Вале унвон, мақому мартабаи баландтаринро дар хидмат ба халқу Ватан мебинад. Корманди содиқи матбуот, писари содиқи Меҳани хеш аст.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»