ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДӢ - ИҶТИМОИИ ШАҲРИ НОРАК ДАР 4 МОҲИ СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРИ КАРДА ШУД
- Нашр шуд: 19.06.2024 02:39
Имрӯз 2 июни соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳри Норак дар соли 2024 бо иштироки раиси шаҳри Норак Норак Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгохи раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, имомхатиб ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Сипас аз рӯйи масъалаи якум Азимзода Шуҳрат муовини якуми раиси шаҳр зимни суханронӣ оид ба ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар чор моҳи соли 2024 баромад намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби муовини раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти иҷтимоии шаҳр дар чор моҳи соли 2024 ҳисобот дода шуд.
Пас аз баррасии масъала раиси шаҳр муҳтарам Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода аз роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва шахсони масъул аз рӯйи масъалаи дуюм пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.