Муташаккилӣ баҳри пешгирии сироят
- Нашр шуд: 03.05.2020 08:30
Рӯзи 3 майи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Норак, роҳҳои мошингард чорабинии безараргардонӣ бо истифода аз мошинҳои махсус ва асбобҳои дорупошӣ бо ҷалби 45 нафар мутахассисон аз муссисаи давлатии обҳои нӯшокӣ ва коррезӣ, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаи марказӣ, идораи шабакаҳои барқ ва кормандони ШВКД дар шаҳри Норак амалӣ карда шуд.
Ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намуда, бе зарурият ба кӯчаҳо набароянд ва ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намоянд.