Вохӯрии судманд
- Нашр шуд: 03.05.2020 08:36
Дар саҳни бинои шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак рӯзи 3 майи соли 2020 бо иқдоми Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо ҷалби раисони деҳот, хонаҳои баландошёна, ҷамоатҳои деҳот, сардорони минтақаҳои манзилӣ, мудирони шуъбаи маориф, фарҳанг, кормандони соҳаи тиб вохӯрӣ баргузор гардид. Ба ҳозирин тарзу усули пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии сирояти коронавирус, чораҳои эҳтиёткорӣ, бе зарурат набаромадан аз манзили истиқоматӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ дар хона, истеъмоли маводҳои серғизо муташаккилона риоя намудани гигиенаи шахсӣ, анҷом додани корҳои безараргардонӣ дар манзили зист, кӯчаю роҳравҳо, ҷойҳои ахлотғундорӣ, роҳ надодан ба таҳлука ва истифодаи ҳатмии ниқоб тавсия дода шуда, тарзи истифодабарӣ ва безараргардонӣ ба ҳозирин ба таври корҳои амалӣ фаҳмонда шуд.
![]() |
![]() |
![]() |