Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати таҷлили ҷашни Сада
- Нашр шуд: 26.01.2021 10:40
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо камоли эҳтиром мардуми сарбаланди диёрро бо фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният намуда,ба ҳар як хонадон файзу баракат,ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада баъд аз ҳазорсолаҳо умри дубора ёфт.
Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифта, дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигари Хуршед ё Меҳр медонем. Он аз наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад ва марҳилаи омодагӣ ба Наврӯз мебошад.
Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Миёни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шаб мебошад ва аз ин сабаб онро Сада ном ниҳодаанд. Ҷашни мазкур сад рӯз баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва 50 рӯз то Наврӯз таҷлил мешавад. Фирдавсӣ оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад.
Моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамоянд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки ёдгории Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад.
Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин, шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати ғизояшон амалӣ мегардонанд.
Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо - мошчикрӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур, оро медоданд.
Ниёкони мо аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ид мекарданд, ки он Наврӯз аст.
Ин ҷашнҳо мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хуршедшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофияту баракати ин ҷашну маросимҳо инсон метавонад дар муқобили хирад, зулм, нафсонии Аҳримании хеш ғалаба кунад.
Ҷашнҳои порсоӣ иборатанд аз Наврӯз, Сездабадар, Меҳргон, зодрӯз, заношӯӣ, шаби Ялдо ва Сада. Чуноне ки мулоҳиза мешавад, бахши ҷаҳоншиносии ниёгони ориёии мо аз ҳафт қонуни ахлоқӣ, ҳафт пояи зиндагӣ, ҳафт ормони порсӣ, ҳафт мароҳили камол ё худ ҳафт низоми ҳастӣ, ҳафт партави аҳуроӣ, ҳафт хони зиндагӣ иборат аст, ки бар маънои инҳо дар асрҳои миёна ҳафт шаҳри ишқ, ҳафт сабъи сайёра, ҳафт хони Рустам, ҳафт хони Исфандиёр, ҳафт табақаи Осмон, ҳафт табақаи Замин, ҳафт гунбади сипеҳр ва ғайраҳо ба вуҷуд омадаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо камоли эҳтиром мардуми сарбаланди диёрро бо фарорасии ҷашни Сада табрику таҳният намуда,ба ҳар як хонадон файзу баракат,ваҳдату якдилӣ ва осмони софро таманно менамояд.