МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд

Имрӯз, 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарҷамъона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.


Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.


Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки "ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад".


Ёдовар бояд шуд, ки Паёми Президенти мамлакатро ҳамзамон кормандони тамоми ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр сарҷамъона тамошо намуданд.