Баргузории озмуни дастархонороӣ
- Нашр шуд: 27.01.2021 11:24
Рӯзи 26 январи соли 2021 ҷаласаи Комиссияи шаҳрии озмуни"Дастархонороӣ" дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зери роҳбарии раиси комиссияи озмунӣ, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҳишмандон аз шаҳру деҳот ширкат варзида, оид ба пешниҳоди сари вақтии ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати иштирокчиёни озмун тибқи Низомномаи озмуни дастархонороӣ табодули афкор намуданд.
Даври якуми озмун дар сатҳи шаҳр рӯзи 29 январи соли ҷорӣ дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳр баргузор мегардад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |