МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2025
Норак

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Дастарахонороӣ" ҷамъбаст гардид

Имрӯз дар саҳни қасри фарҳанги шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Дастархонороӣ" бо иштироки 23 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилии шаҳр баргузор гардид.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод миннатдории худро ба иштирокчиёни озмун иброз намуда, қайд намуданд, ки ҳадафи баргузории озмун эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, навъҳои гуногуни хӯрокҳо, муаррифӣ намудани нону шириниҳо, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳамзамон тарғибу ташвиқ намудани фарҳангу арзишҳои дастархонороии миллӣ мебошад.


Тибқи ҷамъбасти комиссияи озмунӣ ҷойи якум ба дастаи ҳунармандони Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ , ҷойи дуюм ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва ҷойи сеюм ба ҶСК "ЗТМ" дода шуда, ғолибон бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.