Ҷаласа оид ба тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ
- Нашр шуд: 04.02.2021 09:08
Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа оид ба тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, меъёрҳои ба иҷора додан, масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ, шартҳои ба иҷора додан ва ба расмият даровардани шартномаи иҷораи амволи давлатӣ байни иҷорадиҳанда ва иҷорашин баррасӣ карда шуд.