МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Май 2025
Норак

Баргузории ҳисоботи солона

9 феврали соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид.


Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Гулмуродзода Қумринисо шунида шуд.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод дар назди аъзои ҳизб баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки новобаста аз душвор омадани соли 2020 маъракаҳои муҳими сиёсӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои таблиғотие, ки гузаронида шуданд, ҳадафмандона ба таблиғоти сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва амалӣ намудани мақсадҳои стратегии давлату ҳукумат равона шуда буданд. Аз рӯи ҳисобот раиси Шӯрои собиқадорони КИМ ҲХДТ Курбонова Руқия Атоевна , муовини раиси КИВ ҲХДТ Дилафрузи Абдулло баромад намуданд.


Дар охири ҷаласа, ба якқатор аъзои фаъоли ҳизб сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр тақдим карда шуд.