Баргузории Нишасти Матбуотӣ
- Нашр шуд: 10.02.2021 12:20
9 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва роҳбарони сохторҳои давлатии шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳр дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ доир шуд.
Раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои соли рафта сухан карда зикр намуд, ки дар соли 2020 ба буҷа 54,9 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар асоси маълумотҳои корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2020 ба маблағи 2,4 млрд маҳсулот истеҳсол намудан, ки нисбати ҳамин давра 103 фоиз ё ин ки 67.0 млн зиёд мебошад.