Лоиҳа дар амал
- Нашр шуд: 10.02.2021 17:27
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод рафти иҷрои лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва санитарии шаҳри Норак"-ро бо намояндаи департамент оид ба хариди БАТР дар офисси марказӣ дар шаҳри Лондон ҷаноби Лука Мосашвили ва машвартчии лоиҳа мутахассис оид ба хариди Mott MacDonald Михаил Кадыров дар шаҳри Прага ба тариқи видеоконференсия мавриди баррасӣ қарор доранд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ оғоз гашта ба пуррагӣ хатҳои обҳои нӯшоки аз нав карда ва мушкилотҳои норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Дӯконӣ ва Пули Сангин бартараф хоҳад шуд.