МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой

Бо мақсади дидан намудан аз НБО-и Норак ба номи Т. Улҷабоев ва сарбанди он гуруҳи меҳмонони хориҷи аз сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу ҷаноби Сун Тзсаню ба шаҳри Норак ташриф оварданд. Гурухи меҳмонон зимни сафари кории худ аз НБО-И Норак ва сарбанди он дидан намуданд.

 

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Сун Тзсанюро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСуи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи Созишномаи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомоти мазкур, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.