Машварати корӣ
- Нашр шуд: 10.02.2021 18:58
Имрӯз дар бинои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ машварати корӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак Ҳусейнзода Фаридун ва Ҷумаева Раъно директори "Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис" иштирок намуданд.
Дар машварат Ҷумаева Раъно оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи ва касбомузии ҷавонон ва наврасон сухан ронда қайд карданд, ки нисбати солҳои гузашта таваҷҷӯҳи аҳоли барои касбомӯзӣ зиёд шуда истодааст.