МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Санаи 15 феврали соли ҷорӣ ҷамъомади васеи назди раиси шаҳр баргузор гардид.


Дар ҷаласа масъалаҳои "Ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр дар моҳи январ ва вазифаҳои навбатӣ барои моҳи феврал ва "Ҳисоботи комиссари ҳарбии шаҳри Норак оид ба рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Норак аз 11 декабри соли 2020 , № 486 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 1 декабри соли 2020, № 328 "Дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2021-шаҳрвандони солҳои 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Қайд гардид,ки кишоварзон маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро дар моҳи январ 107,6% таъмин намуданд. Дар ин давра бонкҳои дар шаҳр фаъолиятдошта ба шаҳрвандон 2,7 млн сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат додаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,5%-ро ташкил медиҳад .
Тасмим гирифта шудааст, ки даъвати баҳорӣ дар рӯзи аввал пурра иҷро мегардад.