Аёдати оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
- Нашр шуд: 22.02.2021 14:21
Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо бахшида ба 23 феврал-Рӯзи Артиши миллӣ ба аёдати оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки дар вақти адо намудани вазифа ҳалок гардидаанд рафта ба вазъи зиндагии онҳо шинос гардида , кӯмакҳои моддӣ расониданд.