МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Саломатии аҳолӣ дар мадди аввал

Имрӯз дар ҷаласаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак масъалаи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Норак аз 6 майи соли 2013, №190 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 апрели соли 2013, №95 "Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676 ""Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Файзализода Сайвалӣ оид ба рафти иҷрои қарори зикршуда маълумот дод.


Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҳозиронро таъкид намуд, ки новобаста дар шаҳри Норак ба қайд гирифта нашудани бемории сироятии коронавирус зарур аст, ки риояи иҷтимоӣ, доштани ниқоб, коркарди ҷойҳои корӣ ва кӯчаю хиёбонҳо бо маҳлулҳои зидди сироятӣ мунтазам гузаронда шуда, ба саломатии аҳолӣ диққати махсус зоҳир карда шавад.