МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

5 марти соли 2021 дар Қасри фарҳанг ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некӯ, толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

 

Таъкид карда шуд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерӯбахши рӯҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогӯи ҷон, дили пурмеҳр дорад, ки чу офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.


Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.


Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 нақши занону духтарон дар рушди имрӯзаи ҷомеа мусбат арзёбӣ гардида, бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳамаи ин нерӯву ҷасорати занон ба инобат гирифта шуда, барои боз ҳам фаъолтар шудани мавқеъи занон дар доираи талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа минбаъд низ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.


Дар шаҳри Норак имрӯз зиёда аз 2 ҳазор нафар бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият дошта, 111 нафар занону ҷавондухтарони шаҳр мансабҳои роҳбарикунандаро дар ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ишғол намуда, аз ин 41 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳад.

 

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр назаррас буда, дар соҳаи маориф 1260 нафар, тандурустӣ 579 нафар, саноат 309 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 257 нафар, молия 7 ва андоз 3 нафар, почта ва алоқа 13 нафар, бахши фарҳанг 112 нафар ва дар соҳаи кишоварзӣ 201 нафар кору фаъолият доранд.


Дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳр теъдоди муайяни занону ҷавондухтарони донишманду болаёқат ба сифати вакил интихоб гардиданд.


Аз шумораи 40 нафар вакили интихобгардида ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 13 нафар ва ба Маҷлиси ҷамоатҳои деҳот 11 нафар занону ҷавондухтарон интихоб гардидаанд, ки саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи имрӯзаи ҷомеа назаррас арзёбӣ гардидааст.


Дар охир ба якқатор занон ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳо супорида шуд. Барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонда шуд.