МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2024
Норак

Ғолибият муборак!

Рӯзҳои 3 ва 4 апрели соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври ниҳоии олимпиадаи хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ ва ҳуқуқ баргузор гардид.


Дар олимпиада шарафи шаҳри Норакро нуҳ нафар хонандагон ҳимоя намуда, хонандаи синфи 11-и гимназияи давлатии №1 Абибзода Шодмони Шодиҷон аз фанни забони англисӣ ва хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Ашурова Мавзуна Ҷалолидиновна аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои сеюм гашта, бо медалҳои биринҷӣ ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


Ғолибонро раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод табрик намуда, комёбиҳо таманно намуд.