Ҷаласаи навбатӣ
- Нашр шуд: 05.04.2021 16:13
Имрӯз, 5 апрели соли 2021 дар ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ дар бораи равшаннамоӣ ва чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоат мавриди баррасӣ, қарор дода шуд.
Қайд карда шуд, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша хатти нави барқ дар деҳоти Сари Камар, Олиҷгон, Мавлак, ба масофаи 1 км таъмин карда шуда, 3 адад истгоҳи барқтаъминкунӣ насб карда шуд.Бо мақсади таъмини бехатарию истифодаи бемаҳдуди қувваи барқ дар деҳоти Чашма, Чал-Чал, Дӯконӣ-2, Чортут, Навде, Калта Чанор ҷамъ 199 адад пояҳо ва 4500 метр хатҳои барқгузар иваз карда шуданд. Дар мавзеъҳои Чашма, Туғмазор, Дӯконӣ-2, Навде, Кишнова, Хучалонӣ 100 адад симчӯбҳои бо таҷҳизотҳои шабона равшанидиҳанда насб карда шудааст. Ба андозаи 430 метр мағоза, нуқтаҳои савдо бо равшаннокии шабона таъмин гардида, дар ин самт корҳои чароғонкунӣ идома дорад.