Озмуни "Турсунзодахонӣ" дар Норак
- Нашр шуд: 11.04.2021 08:30
Имрӯз 8 апрели соли 2021 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳр озмуни шаҳрии "Турсунзодахонӣ" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ оғоз гардид.
Бо ибтикори китобхонаи марказии ба номи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳр хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 аввалин шуда бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар озмуни "Турсунзодахонӣ" иштирок намуданд.