Натиҷагирии семоҳаи аввал
- Нашр шуд: 13.04.2021 11:10
Имрӯз, 13 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи назди раиси шаҳр дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи аввал баргузор гардид.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аз якқатор роҳбарон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳаи аввал пурсиш кард.
Қайд гардид, ки дар семоҳи аввали соли 2021 ҷамъоварии маблағи андозҳо 147%- иҷро гардида, ба буҷет 25,8 млн сомонӣ маблағ ворид гардааст, ки нисбати нақша 8,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра андози иҷтимоӣ бошад 121% иҷро ё ин ки 12,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар семоҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 633,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ як адад коргоҳи парандапарварӣ таъсис ёфта, 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бонкҳои дар шаҳр фаъолият дошта бо мақсади рушду нумуи соҳаҳои мухталифи шаҳр 9,9 млн сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36%- зиёд мебошад.
Дар семоҳи аввали соли 2021 ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 106,7% ё 10,5 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 659,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзону заҳматкашони шаҳр тавонистанд ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 9,6 млн сомонӣ таъмин намоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 107% ё ин ки 679,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |