Ғолибият муборак
- Нашр шуд: 13.04.2021 11:19
7 апрели соли 2021 дар вилояти Хатлон даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявии "Spelling Bee" баргузор гардид. Дар байни иштирокчиёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хонандаи синфи шашуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Маҳмудзода Салима дониши баланд нишон дода, сазовори ҷойи якум ва соҳиби роҳхат ба даври ниҳоии олимпиада гардид.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба ин муносибат ғолиби озмун Маҳмудзода Салима Баҳромро бо ин дастоварди назаррас табрик намуда, дар вазъияти тантанавӣ ғолиби озмун, директори муассисаи таълимӣ, омӯзгори дарсдиҳанда ва падару модари хонандаро бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.