МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2024
Норак

Мақсад: тозагии ҳифзи муҳити зист

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи назди раиси шаҳр масъалаи ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди шаҳри Норакро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Қайд гардид, ки ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди шаҳри Норак аз ҷониби Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр амалӣ карда мешавад.

 

Дар ҳудуди 4 минтақаи манзилии шаҳр 45 адад ва дар ҷамоатҳои Дӯконӣ 16 адад ва Пули Сангин 14 адад нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо ташкил карда шуда, ҳамарӯза бо 5 адад техникаи махсусгардонидашуда ва ҷалби 14 нафар мутахассисони соҳа партовҳо ба партовгоҳи марказӣ барои коркарду безараргардонӣ кашонда мешавад.

 

Бо мақсади риояи тартибот қарори раиси шаҳр "Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Норак" қабул карда шуда, дар назди ҳар як нуқтаи партовгоҳҳо риояи қоидаҳо насб шудааст.