МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

Гармхона самти афзалиятноки соҳаи кишоварзист

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва ташкили гармхонаҳо дар ҳудуди деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак дар масоҳати 65068 м², аз ҷумла дар ҳудуди ҷамоат деҳоти Дӯконӣ дар масоҳати 62500м², дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар масоҳати 328м² ва дар ҳудуди шаҳр дар масоҳати 900м² гармхонаҳо барои парвариши сабзавот ташкил карда шудааст.


Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди шаҳру деҳот дар масоҳати 37000м² лимухонаҳо ва дар масоҳати 550м² гармхона барои парвариши гулҳои гуногун фаъолият менамояд.


Дар назар аст, ки дар давоми сол боз дар масоҳати 300м² гармхонаҳо барои парвариши сабзавот ва дар масоҳати 720м² гармхонаҳо барои лиму мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.