Мақсад: омодабошии доимӣ
- Нашр шуд: 19.04.2021 12:26
Имрӯз, 19 апрели соли 2021 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи ҳудуди вилояти Хатлон дар шаҳри Норак мудофиаи ҳудудӣ бо мақсади санҷидани омодабошии шаҳрвандон гузаронида шуд.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод дар назди ҳозирон баромад намуда, қайд карданд, ки мақсади гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ бо шаҳрвандони дар эҳтиётбуда баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши онҳо буда, таъмин ва нигоҳ доштани реҷаи фавқулода ва ҳарбӣ, ҳимоя ва мудофиаи минтақа ва берун аз қитъа, ҳифзу мудофиаи иншоотҳои давлатӣ, иҷрои супоришҳои алоҳида, якҷоя бо дигар сохторҳои қудратии шаҳр вазифаҳои асосии мудофиаи ҳудудӣ ба шумор меревад.