МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

Моҳи эҳсону накӯкорӣ

Дар моҳи шарифи Рамазон бо иқдоми хайрхоҳона ва амали хайру савоб сардори ҶСП "Заводи таҷрибавӣ-механикӣ" Азимов Хуҷамурод Файзалиевич ба 500 оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва ниёзмандони деҳаю маҳаллаҳои Даҳана, Энергетик, Сари Гузар, Чал-Чал, Кибил, Тутқавул дасти хайру саховат дароз намуда, маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ дастрас намуд. Чунин иқдомро соҳибкори маҳаллӣ Назаров Карим идома дода, ба 120 нафар ниёзмандон кӯмакҳои хайрхоҳона расонид.


Боиси зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби ҷавонмардони ватандӯст дар шаҳри Норак рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.