МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Январ 2025
Норак

Интихоби раиси Шӯро

Имрӯз, 27 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Конференсияи 7- уми ғайринавбатии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид.


Дар кори Конференсия Раҳимов Амиршо- муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Шоҳпалангов Саидқул раиси куҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.


Вакилони Конференсияи ҳисоботи яксолаи раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродро дар бораи фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак шуниданд.


Сипас Ҳайдарзода Садбарг вакил аз ташкилоти ибтидоӣ маорифчиён, Иброҳимова Тоҳира вакил аз ташкилоти ибтидоӣ "ЗТМ" ва Қосимов Раҳматулло раиси куҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли сипаригашта музокира намуданд.


Вакилони Конференсия якдилона раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимуродро ба вазифаи раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак интихоб намуданд.