Корнамоиҳои падару бобоён ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд
- Нашр шуд: 11.05.2021 11:47
Рӯзи 7 майи соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод зимни баромад аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи Ғалаба самимона шодбош гуфта, қайд намуданд, ки иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаҳои ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати зарин сабт шудааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дили ҳар як хонадони мардуми тоҷик ҷароҳате гузошта, корномаҳои диловарони Ватан ва заҳмати созандаи мардуми ақибгоҳ барои насли наврас ҳамчун рамзи ватандӯстӣ ҷовидон боқӣ мемонад.
Итминони комил дорам, ки корномаи фидокорону фидоиёни Ватан то абад поянда ва абадӣ хоҳад монд.
Барномаи ҳунарии кормандони бахши фарҳанг ва қисми ҳарбии россиягии дар шаҳри Норакбуда идомабахши ҷамъомад гардид.