МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Иштироки намояндагони ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар САҲА ғайриконунӣ аст

 

Замони муосир бо паҳлуҳои мураккаб, равандҳои истеъмолгарона, ки хоси кишварҳои абарқудрат мебошанд, баъзе аз мамолики Шарқи наздик, араб ва осиёро ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир  мувоҷеҳ сохт. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрўз  бо  оташафрўзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гуруҳҳои ифротие рўи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рўи дунё хатари ҷаҳонӣ таҳдид намуда истодаанд.

 Дар мамлакати мо низ аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гурўҳҳои алоҳидаи ҷомеа  таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерўҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳи пойдору ваҳдати ягона монеа эҷод намуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурўҳҳои ифротӣ  ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ѓорат ва дигар кирдорҳои носавоб даст  мезананд.

Имрўз ҳар як фарди худогоҳи кишвари мо, алалхусус ҷавононро  зарур аст, ки саъю кўшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан ба ин муноқишаҳои фоҷиабор, марги одамони бегуноҳ равона намоянд.

Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор бо дасти гуруҳу созмонҳои ифротии экстремистӣ- террористӣ амали карда мешаванд, ки зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунем, ки моро ба майдони ҷангу ҷидолу хунрезӣ кадом қувваҳо кашида буданд. Ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтоби сулҳу ваҳдати моро боз зери абрҳои сиёҳ ниҳон созанд.

Ҳамин гуруҳҳо имруз дар хориҷ аз кишвар бо иваз намудани ном ва самти харакат худ  ва бо фармонбардори аз хочагони хориҷиашон дар созмонҳои ҳуқуқи башар ба хусус САҲА иштирок намуда мехоҳанд дубора  боварии мардумро ба даст оранд.Лек фаромуш намудаанд, ки боре мардум ба онҳо бовар карда буд ва  боварии мардумро истифода карда мардумро ба чи рӯз оварда расониданд-. Алакай мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз макру ҳиллаҳои наҳзатиён хуб огоҳи дорад дубора ба ин фурухташудаҳои наҳзат бовар намекунад.

Имрӯз дар САҲА гуруҳе аз хоинони миллати тоҷик бо қавли худашон мухолифин лек ҳеҷ ба мухолифе монанд нестанд иштирок намуда аз ҳуқуқ ва озодихои мардум сухан гуфтаистодаанд. Нафароне ин суханхоро гуфтаистодаанд, ки замоне чунон хукукхои инсонхоро поймол намудаанд, ки амали ғайриинсониаашон ҳудуд надорад. Ҳамин амалҳои ноҷояшон буд, ки имрӯз  пушти дари хоҷагони хориҷиашон дар аврупо ва дигар кишварҳои хориҷ зииндагӣ доранд. Чанде пеш гуруҳе аз аъзоёни ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар аврупо  1-солагии ташкилёбии ин харакати ШАЙТОНИРО таҷлил намуданд, аз баромадҳояшон дар ин ҷаласаи шайтонӣ дубора ошкор гардид, ки ин нохалафон зарае барои ватан хизмат намекунанд максадашон ба даст овардани ҳокимият ба таври зурӣ  ва қатлу куштор мебошад

Қ. Гулмуродзода — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак