МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати иди саиди Фитр - 2021

Ҳамдиёрони гиромӣ !

 

Ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро, ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоматон оромиву осоиш, тандурустию хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободро орзу менамоям.


Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати ин моҳи муборакро ба ҷо орад. Аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва накӯкорӣ ҳидоят намояд. Анъана ва суннати неки дигаре, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.


Дар моҳи Рамазон садақаи ҷория савоби беандоза дорад. Таъмир ва азнавсозӣ намудани роҳҳо, кӯпрукҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошанд, ки анҷомдиҳандаи он ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои нек савоб мегирад.


Пайёмбари гиромӣ фармудааст:


«Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».


Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятиму бечора, муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз намудан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, ҳам фарз асту ҳам суннат.


Шахсони доро агар нияти ризои Худо ва қабули ибодатро дошта бошанд, ба хонаҳои ятимону бепарасторон хайру эҳсон кунанд ва ба онҳо закоти худро диҳанд.


Маҳз бо шарофати Истиқлолият мо дар фазои озоди динӣ зиндагӣ намуда, эътиқоди мазҳабии худро қонеъ мекунем, озодона намоз мехонем, рӯза медорем, идҳои Рамазону Қурбонро ҷашн мегирем. Бинобар ин бояд ба қадри сулҳу субот бирасем ва шукронаи ин неъмати бебаҳо кунем.Дар ин моҳи Рамазон нисбати ҳамдигар меҳрубон
бошем, ба фақирону мискинон дасти ёрӣ дароз кунем, сари ятимонро сила кунем.


Бо хешу наздикон, ҳамсоягон, ёру дӯстон муносибати хубро барқарор кунем, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созем, ба одамоне, ки аз сабаби ҷоҳилӣ нисбати давлату ватани худ ғаразе доранд, насиҳат кунем.Ҳар як кас бояд ба ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода ва номуси ватандорӣ дошта бошад. Иззату обрӯи роҳбари давлатро нигоҳ дорад ва дар ободонии диёри азиз саҳмгузор бошад.


Мусулмони ҳақиқӣ шахсеро мегӯянд, ки дар анҷом додани корҳои нек, обод кардани диёри худ кӯшиш намуда, дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Имрӯз мо бояд камари ҳимматро барои ободонии Ватани худ сарф намуда, кӯчаву маҳаллаи худро обод ва онро ба боғу бустон табдил диҳем.


Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ ва сарсабзу хуррам муаррифӣ намоем.


Аз ин рӯ, ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поки мубин меҳисобем, дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми шаҳрро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки Шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод сарсабзии диёру Ватани азизамонро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад!