Оила рукни ибтидоиву асосии давлат
- Нашр шуд: 14.05.2021 12:57
Имрӯз, 14 майи соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни "Рӯзи оила" баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод иштирок намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида шуда, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад».
Вобаста ба ин дар назди ҳар як оила вазифаи хеле муҳим ва рисолати бузург меистад, ки ин пеш аз ҳама, тарбия намудан ва ба камол расонидани фарзандони нобиғаву хирадманд, солиму тандуруст ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва хирадманду созанда меистад.
Оилаи мустаҳкам на танҳо шарти шукуфоӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар, балки боз ҳам бештар таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, устувору босуботтар гардидани дӯстию рафоқат ва ҳамбастагии мардум мебошад.
Яке аз муҳимтарин шартҳои расидан ба ин ҳадафҳо ва бунёд намудани ҷамъияти солим, тарбияи фарзандони соҳибмаърифату боодоб ва тарбиятдида мебошад.
Дар давоми чорабинӣ аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ба волидайни 3 кӯдакон шаҳодатномаи таваллуд ва ба як оила навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим намуданд.
Дар анҷом барномаи рангини консертии кормандони бахши фарҳанги шаҳр манзури тамошобинон гардид.