Ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021
- Нашр шуд: 18.05.2021 09:29
Рӯзи 17 майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зери раисии Асозода Дилшод Алимурод-раиси шаҳри Норак ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ҷамъовари андозҳо дар ин давра 125 фоиз, ё ин ки ба буҷа 293 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 5,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷет бошад, аз руи нақшаи пешбини шуда 92,0% ё 18,7 млн сомонӣ таъмин карда шуд.
Дар 4-моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии шаҳр 751,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Дар ин давра дар шаҳр 2-адад коргоҳҳои истеҳсоли аз ҷумла мстеҳсоли гушти паранда ва истеҳсоли орд таъсис дода шудааст.
Иҷроиши корҳои сохтмонӣ-қудрати дар ин давра 68,3 млн сомонӣ ба анҷом расониданд.