Иҷрои дастуру супоришҳо дар амал
- Нашр шуд: 20.05.2021 13:30
Имрӯз, 20 майи соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Зуҳурзода М- мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳаматарафа омӯхтани риоя агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ, вазъи дарави алафҳои табиӣ, захираи хошоки дурушт ва иҷрои барномаҳои соҳа ба шаҳри Норак ташриф оварда, ба вазъи корҳо шинос гардиданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод машварати кории гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар машварат кормандони масъули мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ иштирок намуданд.