МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Баргузории Шӯрои собиқадорон

Имрӯз, 20 майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯрои созмонҳои собиқадорони милитсияи шуъбаҳои ВКД баргузор гардид.
Шӯроро сардори ШКД шаҳри Норак Мирзозода Саидаҳрор ифтитоҳ намуда суханро ба Раиси Шӯрои созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонов Саид Қаюмович доданд.


Раиси шӯро қайд намуданд, ки дар кори Шӯро муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нурзода Толиб, собиқ сардори ШВКД дар шаҳри Норак, собиқадор Тоҳирҷон Шарипов ва муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан иштирок доранд.


Раиси Шӯро ҳозиронро бо рӯзномаи Шӯро шинос намуда, сипас аз фаъолияти Шӯро дар соли 2021 маълумоти муфассал дод.