МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

Табрикоти раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати Рӯзи ҷавонон

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намуда, борҳо дар мулоқоту вохӯриҳои хеш таъкид намудаанд, ки ҷавонон ояндаи давлатанд.


Гувоҳи ин гуфтаҳо ин аст, ки ба хотири баланд бардоштани мақом ва нақши ҷавонон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоламон бо тантана таҷлил мегардад.


Ба ин муносибат фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони толеъбаланди шаҳр самимона табрик мегӯям.


Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аҳолиаш ҷавон буда, зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд. Ҷавонон қувваи бузурги созандаи миллат ба ҳисоб рафта, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии мутахассисони ояндаанд.


Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.


Бешубҳа, дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Бе иштироки фаъолонаи ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайри имкон аст.


Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватан ҳамеша дастгирӣ менамоянд.


Барои ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ-«Дурахшандагон» таъсис дода шуданд.


Зарур ба ёдоварист, ки дар шаҳри мо низ сол аз сол шумораи ҷавононе, ки тибқи квотаи Президентӣ сазовори номи баланди донишҷӯ мегарданд, зиёд шуда истодааст. Айни замон дар муассисаҳои олии кишвар 90 нафар ҷавонони шаҳр тибқи квотаҳои Президентӣ таҳсил намуда истодаанд. Имсол низ 21 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуда, сазовори номи баланди донишҷӯ мегарданд. Се нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр гирандагони стипендияи Президентӣ ва 1 нафар хонанда гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд.


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва насли наврас тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ, дониши баланду маърифати комил ва мушарраф гардидан ба дастовардҳои шоён дар озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар баланд бардоштани эътибори ҳамсолон дар ҷомеа саҳми худро мегузоранд.


Бояд қайд кард, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» се нафар шогирдони мактаби бачагонаи мусиқии шаҳр сазовори ҷойҳои аввал гардида, дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омӯзгори ҷавони муассисаи таълимии №3 сазовори ҷойи дуюм гардид.


Боиси хушнудист, ки варзишгарони шаҳр низ дар панҷ моҳи соли равон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, гӯштингирони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар даври сеюми Олимпиадаи фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори 23 медали тилло, 6 медали нуқра, 53 медали биринҷӣ ва 4 ҷойи ифтихорӣ, ҷамъ 83 ҷой гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиада хонандагони шаҳри Норак сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд.


Имрӯз, ки раванди сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ пойдор аст, бояд ҳамаи мо, пеш аз ҳама Шумо, мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро хуб дарк намуда, зери Парчами Ватан муттаҳид бошем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон боварӣ намуда, дар яке аз баромадҳо таъкид намудааст: «Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд. Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш-ба сӯи ободию пирӯзиҳои нав барад».


Шуморо зарур аст, то бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, баҳри ободиву сарсабзии диёрамон саъю талош намоед.


Ба ҷавонони бонангу номуси Ватан ва кулли мардуми шаҳр саодату сарбаландӣ, азму иродаи созандагию бунёдкорӣ ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.


Бахту саодат ва комёбиву фирӯзиҳо ёратон бод!
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз,ҷавонони саодатманди диёр!