Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр.
- Нашр шуд: 09.11.2019 13:53
Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр.
Зуд бошад, сари хеш чу гирдоб хурад.
Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ, ҳамчун давлати пешрафта, озод ва сулҳҷӯ дар миқёси давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҳамчун нигин пайваста ҷилвагар аст.
Асоси пешрафт ва гул-гулшукуфии ин диёри пурганҷ пеш аз ҳама нерӯи тавонои халқ ва Пешвои нексиришту ободгари мо мебошад.
Принсипҳои адолат, раиятпарварӣ , асосҳои танзими ҳуқуқу озодиҳои инсон падидаҳои муҳими сиёсии имрӯзаи давлату ҳукумати Тоҷикистон гаштааст.
Воқеан ҳам марҳилаи рушди кишвари мо ба баъзе аз ниҳодҳои аҳриманӣ , ки Тоҷикистонро шукуфон ва мардуми онро хушбахт дидан намехоҳанд, ба бархӯрдҳое оварда мерасонанд, ки боиси коҳиш ёфтани обрую эътибори мо тоҷикон мегардад. Вале, бояд як нуқтаро фаромӯш насозем, ки дар тамоми давру замон тоҷикон аз зумраи мардуми ободкор, созанда, кишваркушо ва дар вазнинтарин ҳолат сулҳҷӯю ватандори асил буданд ва ҳастанд.
Ҳодисаи шаби 6 ноябри соли 2019, ки бо дасти сиёҳкорони ба ном гурӯҳи «Давлати исломӣ», ки дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и Ишқободи қисми ҳарбии отряди сарҳадии Султонобод рӯх дод, ҷони нафаронеро рабурд , ки барои тинҷиву амонии мардуми тоҷик шабзиндадорӣ менамуданд. Халқи азияткашидаву заҳри ҷанги шаҳрвандӣ кашидаи тоҷик то ҳанӯз рӯзҳои шуми он рӯзгорро фаромӯш накардаанд.
Мо аз ҳарвақта дида бояд ба нерӯ ва тавоноии ин мардуми сулҳҷӯ такя намуда, баҳри пешрафт ва нумӯи он дучанд кӯшиш намоем .
Ҳарфи ногуфтаи худр бигӯем. Роҳи душвори тайнамудаи сарвари адолатпешаи худро дар эъмори давлати навини тоҷикон васф намоем.
Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоем.
Мардуми шарафманди Норакшаҳр аз ҳодисаи рӯхдодаи рӯзи 6 ноябр сахт андӯҳгин буда, ба сиёҳкорони ватанбезору дур аз эҳсоси меҳанпарастӣ гуфтанианд, ки ҳеч қуввае наметавонад ба неруе, ки онро бо иродаи қавӣ ва мустаҳкам бунёд сохтаанд, дубора валангор созанд.
Эҳсосу тавоноӣ ва ақидаи некбинонаи мардуми тоҷик ҳамеша ӯро ба пеш мебарад ва дар расидан ба мақсадҳои наҷибона моро қувва ва ѓайрати ин ҳалқи тавоною закӣ пайрав хоҳад шуд.