МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Чаро САҲА террористону экстремистонро дастгирӣ мекунад

Пас аз ошкор шудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ роҳбарияти ин ҳизб  ба хориҷ аз кишвар фирор намуда дар кишварҳои аврупоӣ бо қавли хеш ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳаракатҳои худро идома додаистдаанд. Пас аз номуваффақиятҳои зиёдашон дар роҳи ташкил намудани ким кадом иттиҳоди неруҳои созанда эълон намуданд, ки эъломия қабул карда, Паймони миллӣ  ташкил намоянд.

Агар ба таъсисдиҳандагону аъзоёни  ин паймон назар кунем, ин паймони милӣ на,  балки паймони панҷ нафаре мебошад, ки мақсаду ҳадафи аслиашон пушти парда пинҳон намудани аъмоли ҷиноии худи онҳост чунки мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро медонад, ва аз ин сабаб онҳо мехоҳанд зери номи нав худро неруи созанда муаррифӣ карда дубора байни ҷомеа мавқеъ падо намоянд. Мақсади дигарашон бошад  ба даст овардани маблағҳои зиёд аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон мебошад.

Чи тавре қайд кардем ташкилкунандагони ин паймон зиёд нестанд лекин ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Аслан ин гуруҳ гуруҳаки хурде мебошад, ки мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд.

Имрӯз тааҷубовара он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин паймон, ки роҳбарият ва аъзоёнаш аъзоёни ҳизби террористию эктремистӣ мебошанд,  имконият фароҳам овардааст, ки дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханрони намоянд. Ин амалро метавон бозии сиёсӣ ва сиёсати духура номид, ки хелло хатарнок аст.

Дастгирии созмонҳову ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоняд. Агар нияти Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо фароҳамовардани шароити музокира бо неруҳои мухолифини кишварҳо бошад пас бояд САҲА бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро иҷро намояд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои терроистиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро бояд баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон додан, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви  ин созмон  аз ҷумла Россия, Туркия ва Озорбойҷон барои баъзе аз риоя накардани қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд. Созмонҳои байналмилилие, ки воқеан арззишҳои демократиро пайгири мекунанд бо гузашти  ҳиллаҳои наҳзатиёнро дарк менамоянд.Ҳизб ё гурҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷи амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамоянд дар худ мақсаду мароми нек дошта наметавонад.

Аз иштироки намояндагони ин паймон дар ҷаласаи САҲА бармеояд, ки пушти инҳо кадом хоҷаи хориҷие меистад, ки барояшон дар чунин ҷаласаҳо шароит фароҳам меоварад.

Агар ба барномаҳояшон назар кунем ин гуруҳ  на барномаи ислоҳоти на иқтисодӣ, на  иҷтимоӣ, на тандурустӣ ва на маориф дарад. Куҷост барномаҳояшон? Танҳо аз номи динни мубини ислом истифода  карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Лек фаромуш кардаанд, ки алакай дигар миллати тоҷик медонад ИСлом чист мусалмон кист. Ин нокасон ҳатто мусалмон нестанд.  Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он суиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.