МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи баргузории Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 

 

Дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати Деҳоти Пулисангин майдончаи кӯдакона, бинои бахши ҳифзи муҳити зист бо тарҳи замонавӣ дар соҳили дарёи Вахш, бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби

 

Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, ҳамчунин пули мошингузари деҳаи Лангар, ки деҳаҳои Сафедоб, Чинор ва Узбеклангарро бо ҳам мепайвандад, ифтитоҳ ёфтанд. Дар кушодашавии иншоотҳои мазкур раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва як қатор намояндагони мақомотҳои дахлдор иштирок доштанд. 

 

Чорабиниҳо дар сатҳи баланди оммавию сиёсӣ бо иштироки васеи аҳолии шаҳри Норак, ки мақсаду маромашон ободӣ ва сарсабзии кишвари азизамон аст, доир гардид.