МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Август 2022
Норак

Паёми табрикии раиси шаҳри Норак, Асозода Дилшод Алимурод ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони азиз!

Иди саиди Қурбон яке аз санаҳои фархунда ва суннати неку писандидаи дини мубини Ислом ба шумор рафта, мусулмонони ҷаҳон онро бо эҳсоси хушҳолӣ ва фараҳмандӣ таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми шарифи Норакро самимона табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рўзгори нек орзумандам.

Бояд кайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикии худ ба муносибати иди Қурбон таъкид карда буданд, ки «Воқеан мўъминон дар ин рўзи шариф ба даргоҳи Худои таъолло ба садоқату фидокорӣ ва ибодату паҳрезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рўҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии иди Қурбон «Наздики ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад.


Иди Қурбон на танҳо тавассути тоату ибодат наздикӣ доштан ба Худои таъолло буда, дар тўли асрҳо дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешутаборон, ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру некӣ намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои ин ид аст.


Бояд зикр намуд, ки анҷом додани маросими Ҳаҷ дар арафаи иди Қурбон яке аз биноҳои асосии дини мубини ислом буда, иди Қурбон рўзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъолло баён мекунад. Чуноне ки паёмбарамон Муҳаммад (с) дар ҳадиси худ фармудаанд: «Дар навбати аввал Оллоҳ аз миёни амалҳои инсон рафтори ҳамида ва саховатмандиро дар тарозу мегузорад».

 

Ҳар шахси сарватманде, ки ба шахсони камбизоат ёрии моддиву молӣ менамояд, пеш аз ҳама ризогии Худовандро ба даст меоранд ва як зина ба сўи камолоти маънавӣ боло меравад.


Бинобар ин, дар шаҳри мо низ дар арафаи иду айём дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.


Бешубҳа, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои мусулмонони кишвар имконият ва шароити мусоид муҳайё гардид, ки аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динии худ ба таври васеъ баҳравар шуда, бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳо маросимҳои диниро анҷом диҳанд.


Боиси қайд аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол сафи зоирон афзуда истодааст.Дар ин рўзҳо 19 нафар шаҳрвандон аз шаҳру деҳоти Норак ба Мадинаи мунаввара ва Маккаи мукаррама сафар намуда, фарзияти ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд.


Итминони комил дорем, ки онҳо баъди адои фарзияти ҳаҷ бо дилу нияти пок ба кишвар баргашта, дар тарғибу ташвиқи Тоҷикистони азиз, инчунин дар баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору кирдори нек, хусусан миёни ҷавонон нақши арзанда мегузоранд.


Мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб ёдовар гардам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар ноҳияи Данғара бо аҳли ҷамоатчигии вилоят таъкид карданд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ низоъҳои минтақавӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардааст.


Бо назардошти вазъи феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки дар шароити имрўза тамоми мардум, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.


Мақомоти иҷрии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар заминаи ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар Шуморо водор месозад, ки масъалаи истифодаи мақсадноки замин, коркард ва ҷамъоварии ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, захирасозии маҳсулот барои ду соли оянда ва пешгирии исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надода, баҳри фаровонии дастурхони худ саҳмгузор бошед.


Дар фароварди сухан мехоҳам гуфтаҳои сарвари давлатро хотирнишон созам «Худои таолло ва Расули Акрам ба мўъминон ба обилаи дасти худ меҳнат карда, нони ҳалол хўрданро борҳо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Ҳеҷ кас беҳтар таоме нахўрда, ки аз меҳнати худи ў бошад».
Пас биёед ҳама аз пайи меҳнати ҳалол ва дар фикри ободии Ватан бошем.


Бори дигар ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон саодати рўзгор, хушбахтиву некрўзӣ, фаровонӣ ва дар хонадони ҳар яки Шумо файзу баракатро таманно менамоям.


Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!