Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
- Нашр шуд: 17.09.2022 09:07
Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи «Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст.
Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд.
Илова бар ин, соати 11:50-и ҳамин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.