МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Бо дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод,муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода,раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҳасанзода Шаҳло,мудирони бахшҳо ва намояндагони муассисаю ташкилотҳои шаҳр давраи аввали озмуни " Кадбону беҳтарин" баргузор гардид.
 
Имрӯз дар ҶДММ «Боғи Анор» ғолибони даври шаҳрии озмун муайян гардиданд.
 
Қайд бояд кард, ки мақсад аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
 
Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаҳои ҷашни “Рӯзи Модар” ва Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардидид.
 
Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пӯхту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони шаҳр аз рӯйи номинатсияҳои: ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
 
Даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро муовини Раиси шаҳри Зуҳро Ҳакимзода, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Норак Ҳасанзода Шаҳло ҷамъбаст намуда, ғолибонро муаррифӣ намуданд.
 
Ҳамин тариқ, ҷойи аввалро Муассисаи манзилию коммуналӣ шаҳр,ҷойи дуввум Нерӯгоҳи Обию барқии Бойгозӣ ва ҷойи сеюмро Муассисаи ШМКХА ишғол намуда, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирави бо иштироки Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод қадрдонӣ карда шуданд.
 
Ҳамзамон, дигар иштирокчиён, ки дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» фаъолона ширкат доштанд, бо туҳфаҳо қадрдони гардонида шуданд.