Вохӯрӣ бо гурӯҳи вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак
- Нашр шуд: 15.03.2023 07:56
Санаи 14 марти соли равон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва намояндаи Комиссарияти ҳарбии шаҳр Маҷидзода Абдулвоҳид бо гурӯҳи вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак оид ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи кунунии давлати Афғонистон ва пешгирии ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав вохӯрӣ доир намуд.
Зимни баромади худ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан қайд намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.
Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сухан менамоем.