
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат инчунин, риояи талаботи ойиномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Аслан, хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардӣ ва ҷасорат буда,чунон чи мафҳум дар бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизмат мекунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, омилҳои вусъатбахши худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар ростои сиёсати кунунии Давлату Ҳукумат кор дода истодаанд. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ медонанд.
Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.
Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлол, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавонони ҷумҳурӣ низ ҳамчун ватандорони асил ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки кишварамонро маҳз бояд мо ҷавони далеру шуҷоъ ҳимоя намоем. Аз ин рў, меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан – Модар онҳоро ҳушдор менамояд, ки худашон ихтиёран ба хизмат раванд.
Боиси қайд аст, ки вазифаҳои муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми Ватан аст. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад, зеро ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобаста аст. Аз ин рӯ мо, ҷавононро мебояд ба Ватани худ содиқона хизмат намоем, чунки хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба хоки ин сарзамини муқаддаст аст.
Зуҳро Ҳакимзода - муовини раиси шаҳри Норак