МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Март 2023
Норак

ТАВАҶҶУҲ ЗИЁД ВА ИМТИЁЗҲО БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ЗИЁДТАР АСТ

Маҷлисро муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода кушода,гурӯҳи таблиғотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азиззода Убайдулло Абдулло-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Назаров Аваз Қувватович-доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Абдураҳимов Рустам Миралиевич- мудири кафедраи анатомияи одам,устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифи намуда,меҳмонанро хушомадед намуданд. Маҷлис бо хатмкунандагони муассисаҳои шаҳри Норак гузаронида шуд. Суҳбату вохӯриҳо атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоию сиёсии наврасону ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа сурат гирифт.
 
Иттилоъ дода шуд, ки дар вохӯриҳо ибтидо муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар самти илму маориф фаҳмонида шуд.
 
Ҳамзамон, масъалаҳои зерин миёни хатмкунандагон сурат гирифт:
Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тавассути мутамарказонии имтиҳонҳои дохилшавӣ. Маркази миллии тестӣ ҳамчун василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мониторинги он, арзёбии объективонаву одилонаи дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф.
 
Яке аз ибтикороти наҷиби Пешвои миллат ин эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ба хотири боз ҳам хубтару бештар омӯхтани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ташкили озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» мебошад, ки ғолибони он пайваста дастгирӣ меёбанд.
 
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст. Аз ин рӯ, моро месазад, ки аз ин падидаҳои номатлуб худдорӣ намоему аз пайи илму дониш шавем.
 
Барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа, донистани таъриху фарҳанги миллат як қадор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ шудааст, ки иштирок дар онҳо вазифаи ҳар як насли ҷавони кишвар мебошад.
 
Омӯзгор дар тамоми давру замонҳо устоди маънавӣ, тарбиятгари рӯҳи инсон буда, бо ин кори наҷибаш аз ҷониби ҳамагон сазовори қадршиносӣ, иззату обурӯ шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо мавқеи омӯзгор аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста боло бардошта шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
 
Замони муосир, чӣ дар соҳаи илм, чӣ дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ ва амсоли инҳо дар назди инсоният масъалаю вазифаҳои муҳиммеро гузошта истодааст, ки дарку ҳалли онҳо пеш аз ҳама аз ҳар фарди ҷомеа дониши мукаммал ва донистани забонҳои хориҷиро тақозо дорад. Дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешидааст ва барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат беҳтарин шароит фароҳам гаштааст.
 
Имрӯз Донишгоҳи миллӣ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст. Донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра ва 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад.