“Модар - сарчашмаи зиндагӣ аст”
- Нашр шуд: 09.03.2023 14:26
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 7 марти соли 2023 бахшида ба Рӯзи Модар дар Касри фарҳанги шаҳр консерти идона бо иштироки ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Зиёвуддини Нурзод баргузор гардид.
Дар консерти идона муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро иштирок намуда, аҳли нишастро табрик гуфта иброз доштанд, ки хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуд ва нақши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар амри пешрафти кунунии ноҳия лоиқи таҳсин хонд.
Итминони комил дорем, ки модарону хоҳарони азизи шаҳри мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Барномаи консертии сарояндаи шинохтаи кишвар Зиёвуддини Нурзод дар мавзӯъи“Модар - сарчашмаи зиндагӣ аст”, ки тараннумгари меҳру садоқати модар ва назокату латофати бонувон буд, ин чорабинии фарҳангиро ба ҷашнии воқеии модарон, бонувон ва гулдухтарон табдил дод.