МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 7-марти соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак ба ифтихори "Рӯзи Модар" бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод чорабинии тантанавӣ доир гардид.
 
Дар чорабинӣ, бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон ва бонувони дигар касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
 
Дар қисми тантанавӣ Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баромад намуда, бонувону модарони аҳли толорро бахшида ба "Рӯзи модар" табрик намуда, иброз намуданд, ки воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
 
Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.
 
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
 
Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст.
 
Модар то вақте, ки дар қайди ҳайёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст: ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.
 
Ба ибораи дигар, модар фарзанди худро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад, зеро фарзанд маънои ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад.
 
Аз ин рӯ, модар барои ҳар як шахс ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддастарин инсон мебошад.
 
Маҳз ба хотири ҳамин фазилату заҳматҳои модар бузургони адабу фарҳанг аз замонҳои қадим то имрӯз дар осорашон меҳру муҳаббат ва матонату садоқати ӯро ситоиш мекунанд.
Воқеан, тамоми бузургону фарзонаҳои оламро модар ба дунё оварда, ба мартабаҳои оламшумул расонидааст.
 
Вале мехоҳам як нуктаи муҳимро иброз намоям: ҳар қадаре, ки бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
 
Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки модарону бонувони кишвари мо бо меҳрубониву самимият ва ҳунармандиву маърифати баланди худ маҳбуби дилҳо мебошанд.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
 
Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.
 
Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.
 
Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
 
Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.
Дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.
 
Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд.
 
Мо Рӯзи Модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҷашн мегирем.
 
Дар остонаи ин ҷашн бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки Сада, Тиргон, Меҳргон ва дигар ҷашну ойинҳое мебошад, ки дар ташаккул, ҳифз ва ба наслҳои минбаъда ба мерос гузоштани онҳо занону модарони мо саҳми арзишманд доранд.
 
Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд ва ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд.
 
Дар фарҷоми сухан, аз ҷониби раиси шаҳр ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба бонувони собиқадор ва дигар фаъолон сипоснома ва тӯҳфаҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
 
Дар охир барномаи омода намудаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд