МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2023
Норак

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!
 
Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат бо як ҷаҳон хушҳоливу шодмонӣ ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар табрик мегӯям.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.
 
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.
 
Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.
 
Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.
 
Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.
 
Чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад. Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.
 
Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад, чунон ки Пешвои муаззами миллат мегуйянд,"Занону модарон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд".
 
Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
 
Яъне ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон аст.
 
Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Дар осори бузургони ҷаҳон нақши зан - модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.Сарвари давлат Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ қайд намудааст,ки"Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
 
Зеро модар натанҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.
 
Саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи кишварамон маҳз бо дарназардошти ҳамин ҷойгоҳи хоса ва ба хотири арҷгузорӣ ба нақши онҳо мебошад.
 
Давлату Ҳукумат ва ҷомеаи имрӯзаи мо ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад, чунки ӯ мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонад. Интишори Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо аз тарафи Пешвои миллат мебошад.
 
Яъне имрӯз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд.
 
Вале дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои занону модарон ва духтарони мо нақши ҳалкунанда дорад. Ғамхорӣ нисбат ба занону духтарон аз ҷониби мақомот минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад, вале зарур аст, ки рӯҳияи эҳтиром ба занон ва арҷгузории заҳмати модарон дар ҳар оила ва дар тамоми ҷомеа бояд боз ҳам бештар густариш ёбад. Зеро муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ, суботи ҷомеаро таъмин намуда, қудратмандии давлатро тақвият мебахшад.
 
Мо умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо ин рисолати муҳими иҷтимоии худро чун ҳарвақта амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
 
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи - шумо модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи модар сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
 
Ҷашн муборак бошад, модарону бонувони азиз!