ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
- Нашр шуд: 07.03.2023 01:09
Ба ифтихори Рӯзи Модар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак чорабинии идона аз ҷониби МТМУ-и рақами 2 ва МТМУ-и рақами 28 шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳр- Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак-Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, мудири маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг, ва омӯзгорон ва хонандагони муассиса баргузор гардид.
Зуҳро Ҳаикмзода-муовини Раиси шаҳр зимни баромад зикр намуд намуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд.
Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзои дастаи ҳунарии муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ва 28- и шаҳр бо рақсу таронаҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.