Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ
- Нашр шуд: 28.12.2019 12:03
Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба Соли нави мелодии 2020 бо дастгирии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кӯчаи Яҳё Мирфозилови минтақаи манзилии №3-и шаҳр майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби бонувони кӯча намоиши хӯрокҳою нонҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзию зардузӣ, бофандагӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маросими истифодадиҳии иншоот намояндагони мақомоти иҷроия, шуъбаи корҳои дохилӣ, муассисаи манзилӣ-коммуналӣ ва варзишгарону сокинони маҳалла иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон суханронӣ намуда, ҳозиронро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрик гуфтанд.
Ҳамзамон таъкид доштанд, ки бунёди иншоотҳои варзишӣ дар кӯчаю деҳаҳо як васила ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва таблиғгари тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ барои сокинони кӯча барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешкаш гардид.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |